“Атлетико Мадрид” дар бозии аввали даври ҳаштякниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА бо ҳисоби 5:2 бар “Тоттенҳэм” пирӯз шуда, рекорди нави клубиро дар ин мусобиқа ба қайд гирифт.
Бино ба иттилои портали омории Opta Sport, футболбозони “Атлетико” бори аввал дар таърихи худ дар нимаи аввали бозии Лигаи чемпионҳо чор гол ба самар расониданд. Ин нишондиҳанда барои дастаи шаҳри Мадрид рекорди таърихӣ дар мусобиқаи асосии клубии Аврупо ба ҳисоб меравад.
Ҳамзамон, “Атлетико” танҳо дуюмин клуби испанӣ гардид, ки дар марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо дар нимаи аввал чор гол задааст. Пештар чунин дастовардро танҳо “Барселона” ба даст оварда буд. “Барселона” соли 2009 ду маротиба ба ин натиҷа расидааст. Дар даври ҳаштякниҳоӣ бар “Лион” бо ҳисоби 5:2 ва дар чорякниҳоӣ бар “Бавария”-и Мюнхен бо натиҷаи 4:0 ғалаба кардааст.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобии дастаҳои “Атлетико” ва “Тоттенҳэм” рӯзи 18 март баргузор мешавад. Ин дидор дар варзишгоҳи “Тоттенҳэм Хотспур”-и шаҳри Лондон доир мегардад.
