Бошгоҳи лондонии “Арсенал” дар бозии даври 8-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои УЕФА 2025/26 "Қайрат"-ро бо ҳисоби 3-2 шикаст дод ва рекорди нави бошгоҳиро аз рӯи шумораи бештари голҳо дар мусобиқаи аврупоӣ гузошт.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 8-ум
Панҷшанбе, 29 январи соли 2026. 01:00 ДШБ
“Арсенал” (Лондон, Англия) 3:2 “Қайрат” (Алма-Ато, Қазоқистон)
1:0 Дёкереш – 3' 1:1 Жоржинйо – 7' 2:1 Хавертс – 15' 3:1 Мартинелли – 38' 3:2 Рикардинйо – 90+4'
Тибқи иттилои Squawka, "тӯпчиён" бори аввал дар таърихи худ дар ҳашт бозии пайиҳами Лигаи Чемпионҳо пирӯз шуданд. Ҳисоби умумии голҳо дар ин бозиҳо 23:4 аст.
Ёдовар мешавем, ки пеш аз рӯбарӯ шудан бо "Қайрат" дар марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои Аврупо, "Арсенал" қаблан "Атлетик Билбао" (2-0), "Олимпиакос" (2-0), "Атлетико Мадрид" (4-0), "Славия Прага"-и Чехия (3-0), "Бавария" (3-1), "Клуб Брюгге" (3-0) ва "Интер"-и Милан (3-1)-ро мағлуб карда буд. "Арсенал" бо 24 имтиёз дар ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо мақоми аввалро ишғол кард ва мустақиман ба даври 1/8 ниҳоӣ роҳ ёфт. "Қайрат" бошад пас аз ин бозӣ, бо як имтиёз мусобиқаро дар ҷои 36-ум ба анҷом расонд.
