LIVE

Мусовии сафарии «Барселона» дар плей-оффи Лигаи Чемпионҳо

Рӯзи чоршанбе, 21-уми феврал  «Барселона» дар сафар тими «Наполи»-ро дар бозии якуми мариҳали 1/8 ниҳоии Лигаи чемпионҳои УЕФА шикаст дода натавонист — 1:1. Ҳамин тариқ, тими каталонӣ тавонистааст дар  11 бозии ахири сафарии марҳилаи плей-оффи бошукӯҳтарин сабқати футболи бошгоҳии аврупоӣ танҳо як маротиба ба пирӯзӣ бирасад.
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 1-ум
21-уми феврали соли 2024, панҷшанбе. 01:00 ДШБ
Наполи (Неапол, Италия) 1 : 1 Барселона (Барселона, Испания)
0:1 Левандовски – 60'     1:1 Осимхен – 75'    
Бори ахир дар бозии сафари марҳилаи плей-оффи Лигаи чемпионҳо «Барселона» бар «Манчестер Юнайтед» пирӯз шуда буд. Ин ҳам рӯзи 10-уми апрели соли 2019 дар бозии 1/4 ниҳоии мусобиқа рух дод  — 1:0. Дар масири 10 бозӣ каталониҳо аз дастаҳое чун  «Атлетико» (0:2), «ПСЖ» (0:3), «Ювентус» (0:3), «Рома» (0:3) ва «Ливерпул» (0:4) шикаст хӯрдаанд. Ҳамчунин «Барселона» бо «Наполи» (1:1, 1:1), «ПСЖ» (1:1), «Челси» (1:1) ва «Лион» (0:0) мусовӣ кардааст.
Бозии ҷавобии даври 1/8 финалии Лигаи чемпионҳо миёни тимҳои «Барселона» ва «Наполи» бошад дар варзишгоҳи хонагии  каталониҳо  «Олимпик Люис Компанис» рӯзи сешанбе, 12-уми март доир мешавад.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив