LIVE

Рекорди омории «Реал Мадрид» дар Лигаи Чемпионҳо

Бошгоҳи “Реал Мадрид” пас аз силсилазарбаҳои пеналтӣ бо “Атлетико Мадрид” (0:1, 4:2 пеналтӣ) ба даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳои УЕФА дар мавсими 2024/2025 роҳ ёфт. Ҳамин тариқ, “Лос Бланкос” дар таърихи мусобиқаи асосии Ҷоми Аврупо силсилаи зарбаҳои ҷаримавӣ аз рӯи шумораи рекордӣ пирӯзӣ ба даст овард. Дар ин бора пойгоҳи омории Squawka хабар додааст. 
Лигаи чемпионҳо. 1/8 финал. Бозии 2-юм
13-уми марти соли 2025, панҷшанбе. 01:00 бо вақти Душанбе
“Атлетико М” (Мадрид, Испания) (1:0 2:4) “Реал Мадрид”
1:0 Галлахер – 1'
Ба иттилои манбаъ, баъди оне, ки идомаи рақобатҳо дар силсилаизарбаҳои пеналти идома ёфт, бошгоҳи шоҳона аллакай чаҳор ғалаба ба даст овард. Дар таърихи Лигаи Чемпионҳо ва Ҷоми Аврупо ҳеҷ кас чунин омор надорад.
«Реал Мадрид» дар даври чорякфиналии Лигаи Чемпионҳо бо дастаи «Арсенал» бозӣ мекунад. Бозии аввал дар Лондон рӯзи 8-уми апрел баргузор шуда, рақобати ҷавобӣ санаи 16-уми апрел дар Мадрид доир мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив