LIVE

ҚАҲРАМОНОНИ МО

Садқаи ашки чашмҳотон, шербачаҳои тоҷик! Ин гиряҳо нишондиҳандаи самимияти шумоянд. Ашкҳои шумо бо забони ҳол аз  муҳаббати шумо мегӯянд нисбати футболи тоҷик, нисбати тими миллӣ, нисбати номи Миллату Ватан дар арсаи ҷаҳон. 
Тамоми Тоҷикистон ва кулли тоҷикони бурунмарзӣ имшаб бо шумо буданд. Хаёлан бо шумо  давиданду ҷаҳиданд, афтоданду бархостанд, лаб газиданду ашк рехтанд...
Албатта, таассуфовар аст, ки аз нимароҳи қаҳрамонӣ бозмегардеду то  ба қуллаи мурод дигарон мераванд, аммо, бовар кунед, шуморо қаҳрамониҳову фатҳи қуллаҳо дар пеш аст. 
Инро бояд донед, ки шумо Қаҳрамонҳои моед, фотеҳи қуллаи муҳаббату ихлоси миллионҳо тоҷикед! Шумо ифтихори мо, шаъну шарафи мо, парчамбардору номбардори Тоҷикистонед!
Барои унвони Қаҳрамонии шумо ҳамин як далел кофист, ки аз миёни тамоми ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ ягона намоянда будед! 
Агар касе шуморо хандид, агар касе ё нокасе масхараву таҳқиратон кард, агарчи касоне ба шумо бо чашми ҳақорат нигоҳ карданд, зери лаб ё бармало дар ҳақатон баланду пасте гуфтанд, аз обрӯву унвони Қаҳрамонии шумо заррае кам нахоҳад шуд.

Мо шуморо на бо сари хаму дилсӯзию дилбардорӣ, балки бо сарҳои афрохта, бо гулу гулдаста, бо пойандозҳо чун Қаҳрамон пешвоз хоҳем гирифт!
Садқаи ашки чашмҳотон, садқаи гиряҳотон! Шумо ҚАҲРАМОНЕД!!!
Нусратулло Бобоев - муҳоҷири тоҷик аз Россия

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив