LIVE

Эраҷ Носеҳов: Бозингарон баъди голи аввал парешон шуданд.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон U-20 дидори аввали худро дар шаҳри Табрези ҶИЭ бо нокомӣ оғоз кард. Дар ин робита сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон оид ба футзал Эраҷ Носеҳов баъди анҷоми бозӣ бо Ҷопон андешаҳояшро ба сомонаи ТВ Футбол чунин баён кард: 

- Андешаи Шумо дар мавриди бозии аввал. Чаро тактикаи дифоъ карданро дар ин бозӣ пеша кардед? 

Бозӣ то голи аввали дастаи ҳариф онқадар бад набуд, аммо баъди гол бачаҳо каме парешонхотир шуданд. Ин сабаб шуд, ки дар идомаи ниммаи аввал боз ду голи дигар сар диҳем. Аслан қабл аз бозӣ мо ба бачаҳо тавсия додем, ки муқобили ин ҳариф бояд аз дифоъ бозиро шуруъ намоему аз зиддиҳамла истифода барем. Бовар дорам, ки он мушкилиҳои мавҷуда дар бозии оянда бо Ветнам бартараф мешавад. 

- Сармураббии дастаи Ҷопон тамоми бозингарони эҳтиётии худро истифода мекунад, аммо дар тими Шумо ин тавр нест, чаро? 

Аслан ҳайати эҳтиётии мо нисбат ба Ҷопон баробар нест. Мутаассифона мо 14 бозингаре, ки дар як сатҳ бозӣ мекунанд, надорем. 

- Ба назари Шумо набудани дарвозабони асосӣ таъсирашро ба натиҷаи бозӣ расонид? 

Шояд ҳаминтавр ҳам бошад, аммо ба ин суол баъди тамошои бозӣ ва хулосагирӣ аз дидори аввал, метавонам ҷавоб гӯям. 

- Ҳарифи навбатии мо Ветнам аст. Дар бораи ин даста чи маълумот доред? 

Ҳарифи ояндаи мо низ тими пурқувват мебошад ва мо аллакай маълумотӣ кофӣ ҷамъоварӣ кардаем. Бовар дорам, ки дар бозии навбатӣ бачаҳо хубтару беҳтар ҳунарнамои карда дастболо мешаванд. 

Вохӯрии навбатии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистн U-20 оид ба футзал 15-уми июн соати 15:00 (бо вақти Тоҷикистон) доир мешавад.  Ин бозӣ тавассути ТВ Футбол мустақиман манзури Шумо мегардад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив