LIVE

Ханси Флик ба як шарт метавонад “Барселона”-ро тарк кунад

Рӯзноманигори олмонӣ Флориан Плеттенберг дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки сармураббии “Барселона” Ханс-Дитер Флик метавонад дар сурати дигарбора таъин нашудани Жоан лапорта ба вазифаи президенти “блаугранас” бошгоҳро клубро тарк кунад.
Мураббии олмонӣ нисбати тамдиди шартномааш бо “Барселона” манфиатдор аст. Флик шаҳр, бошгоҳ ва мухлисонро дӯст медорад. Бо вуҷуди ин мураббӣ ояндаи худро аз мавқеи Жоан Лапорта дар бошгоҳи каталонӣ вобаста мекунад ва мехоҳад стратегияи дастаро якҷоя бо ӯ ташаккул диҳад.
Агар Лапорта санаи 15-уми март дубора президенти бошгоҳи “Барселона” интихоб нашавад, Флик метавонад бошгоҳро ё дар тобистон ё пас аз ба охир расидани шартномааш дар соли 2027 тарк кунад.
“Барселона” пас аз 26 бозӣ дар лигаи олии Испания бо 64 имтиёз пешсафи ҷадвал буда,  аз “Реал Мадрид” чор имтиёз бештар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив