Бошгоҳи футболи “Реал Мадрид” дар даври 26-уми Ла Лигаи Испания аз “Хетафе” бо ҳисоби 1-0 дар варзишгоҳи Сантяго Бернабеу дар пойтахти Испания бо пирӯзии меҳмонон хотима ёфт. Голи ягонаи бозиро ҳамлагари уругвайӣ Мартин Сатриано ба самар расонид.
Испания. Примера. Даври 26-ум
3 марти соли 2026, сешанбе. 01:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид) 0:1 “Хетафе” (Хетафе)
0:1 Сатриано – 39'
Корти сурх: Мастантуоно – 90+5' / Лисо – 90+7'
Тавре ки саҳифаи B/R Football дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст “Хетафе” аввалин пирӯзии худро бар “Реал Мадрид” дар Сантяго Бернабеу сар аз соли 2008 ба даст овард. Он вақт дар бозии даври 25-уми Ла Лига дар мавсими 2007/2008 “Хетафе” бо ҳисоби якхелаи 1:0 қавитар буд. Ҳамлагари нигериягӣ Икечукву Уче голи ягонаи бозиро ба самар расонид. Аз он вақт инҷониб, дастаҳо дар варзишгоҳи Бернабеу 16 маротиба бо ҳам рӯбарӯ шудаанд ва дар ҳамаи онҳо “Лос Бланкос” пирӯз шудааст.
Пас аз ин бозӣ “Реал Мадрид” бо 60 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвали дивизиони олии Испания қарор дорад. “Барселона” бо 64 имтиёз пешсафи ҷадвал буда, “Хетафе” бо 32 имтиёз дар мақоми 11-ум мебошад.
