Бозии даври аввали Ла Лигаи Испания, ки дар он дастаҳои «Реал Мадрид» ва «Осасуна» вохӯрданд, дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и Мадрид баргузор шуд ва бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи мизбонон анҷом ёфт.
Испания - Примера. Даври 1
20 августи соли 2025, чоршанбе. 00:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид) 1:0 “Осасуна” (Памплона)
1:0 Мбаппе – 51'
Корти сурх: Бретонес – 90+4'
Дар дақиқаи 51-ум голи ягонаи бозиро ҳамлагари дастаи «Лос-Бланкос» Килиан Мбаппе аз зарбаи 11-метра ба самар расонд.
Мавсими гузашта дастаҳо ду маротиба вохӯрданд. Дар даври 13-уми Примера «Лос-Бланкос» рақибони худро бо ҳисоби 4:0 шикаст дод. Дар даври 24-уми чемпионати Испания бошад бошгоҳҳо бо ҳисоби 1:1 мусовӣ карданд.
«Реал Мадрид» вобаста ба ҷамъбасти мавсими гузаштаи Ла Лига дар 38 давр 84 имтиёз ба даст оварда, дар ҷойи дувум қарор гирифт. Осасуна бошад 52 имтиёз ба даст оварда, дар ҷои 9-ум ҷойгузин шуда буд.
