Бозии даври 37-уми Ла Лигаи Испания, ки дар он дастаҳои “Севиля” ва “Реал Мадрид” вохӯрданд, дар варзишгоҳи Рамон Санчес Писхуан (Севиля, Испания) бо ҳисоби 2:0 ба нафъи меҳмонон хотима ёфт.
Испания - Примера. Даври 37-ум
18 майи соли 2025, якшанбе. 22:00 ДШБ
“Севиля” (Севиля) 0:2 “Реал Мадрид” Мадрид
0:1 Мбаппе – 75' 0:2 Беллингэм – 87'
Корти сурх: Баде – 12', Ромеро – 48'
Голи аввалини дидорро дар дақиқаи 75-ум ҳамлавари “Реал” Килиан Мбаппе ба самар расонид. Дар дақиқаи 87-ум бошад Ҷуд Беллингем голи дуюми дастаашро зад. Бояд гуфт, ки соҳибони майдон бозиро 9 нафара ба охир расонданд. Дар дақиқаи 12-ум ҳимоятгар Луак Баде ва дар дақиқаи 48-ум ҳамлагар Исаак Ромеро корти сурх гирифт.
Баъди ин ғалаба “Реал Мадрид” 81 имтиёз ба даст оварда, дар зинаи дуюми ҷадвали Ла Лига ҷойгир аст. «Севиля» бошад бо 41 имтиёз дар ҷои 16-ум қарор дорад.
