LIVE

“Барселона” ба “Реал” ва “Атлетико” наздик шуд

Бозии охири даври 23-юми Ла Лигаи Испания дастаҳои “Севиля” ва “Барселона” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Рамон Санчес Писхуан” дар ҳузури 38 592 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 1 ба суди “Барселона” анҷом ёфт.

Ҳисоб дар дақиқаи 7-уми бозӣ аз ҷониби Роберт Левандовски кушода шуд. Дар дақиқаи 8-уми бозӣ Рубен Варгас ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 46-уми бозӣ Фермин Лопес дар ҳисоб “Барселона”-ро ба пеш баровард.

Дар дақиқаи 55-уми бозӣ Рафиня бо як зарбаи зебо тӯбро ба дарвозаи “Севиля” зад. Дар дақиқаи 62-юми бозӣ Фермин Лопес аз ҳайати “Барселона” корти сурх гирифт. Нуқтаи ниҳоиро дар вохӯрӣ Эрик Гарсия дар дақиқаи 89-ум гузошт.

Бо ин пирӯзӣ дастаи “Барселона” бо касби 48 имтиёз дар зинаи сеюм аст. “Севиля” бо 28 имтиёз дар зинаи 13-ум мебошад. “Реал Мадрид” бо 50 имтиёз пешгоми ҷадвали мусобиқа мебошад. “Атлетико” 49 имтиёз дошта, дар зинаи дуюм аст.

Ёдовар мешавем, ки бозии марказии даври 23-юм миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Атлетико Мадрид” бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 хотима ёфт.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив