Бозии даври 33-юми чемпионати Испания дар мавсими 2024/2025 ба анҷом расид, ки дар он дастаҳои “Хетафе” ва “Реал Мадрид” вохӯрданд. Дастаҳо дар варзишгоҳи Колизейи шаҳри Хетафеи Испания ба ҳам омада, рақобат бо натиҷаи 1:0 ба нафъи меҳмонон анҷом пазируфт.
Испания - Примера. Даври 33-юм
Панҷшанбе, 24 апрели соли 2025. 00:30 ДШБ
“Хетафе” (Хетафе) 0:1 “Реал Мадрид” (Мадрид)
0:1 Гулер – 21'
Голи ягонаро дар дақиқаи 21-уми дидор нимҳимоятгари дастаи “Лос-Бланкос” Арда Гулер ба самар расонд.
Пас аз 33 бозии гузаронидашуда «Хетафе» бо 39 имтиёз дар ҷои 13-уми ҷадвали чемпионати Испания қарор дорад. “Реал Мадрид” бошад баъди ҳамин шумори бозиҳо бо 72 имтиёз дар ҷои дуюм аст. «Барселона» бо 76 имтиёз пешсафи ҷадвали Ла Лига мебошад.
