LIVE

“Реал Мадрид” дар даври 13-ум “Элче”-ро мағлуб карда натавонист

Бозии даври 13-уми Ла Лигаи Испания байни дастаҳои “Элче” ва “Реал Мадрид” дар варзишгоҳи Мануэл Мартинес Валеро (Элче, Испания)  бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид.
Испания. Примера. Даври 13-ум
Душанбе, 24 ноябри соли 2025. 01:00 ДШБ
“Элче” (Элче) 2:2 “Реал Мадрид” (Мадрид)
1:0 Фебас – 53' 1:1 Хейсен – 78' 2:1 Родригес – 84' 2:2 Беллингем – 87'
Кори сурх: Чуст – 90+6' 
Голи аввали бозиро нимҳимоятгари мизбонон Алейкс Фебас дар дақиқаи 53-юм ба самар расонид. Дар дақиқаи 78-ум бошад ҳимоятгари “Реал Мадрид” Дин Хейсен ҳисобро баробар кард, аммо пас аз шаш дақиқа  Алваро Родригес боз “Элче”-ро ба пеш баровард. Ниҳоятан дар дақиқаи 87-ум  нимҳимоятгари меҳмонон Ҷуд Беллингем ҳисобро 2:2 кард.
Пас аз 13 даври Ла Лига “Реал Мадрид” бо 32 имтиёз  пешсафи ҷадвали чемпионати дохилӣ буда,   “Элче” бо 16 имтиёз   дар ҷои нӯҳум қарор дорад.
Дар даври оянда “Реал Мадрид” бо “Жирона” бозӣ намуда,   “Элче” бо “Хетафе” рӯбарӯ мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив