Бозии дуюми даври плей-оффи Лигаи Чемпионҳои мавсими 2025/26 байни дастаҳои “Реал Мадрид” (Испания) ва “Бенфика” (Португалия) дар варзишгоҳи Сантяго Бернабеуи шаҳри Мадрид ба анҷом расид. “Лос Бланкос” дар ин бозӣ бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуда, ба даври ҳашякниҳоӣ баромаданд.
Лигаи Чемпионҳо. Плей-офф. Бозии 2-юм
Панҷшанбе, 26 феврали соли 2026. Соати 01:00 ДШБ
“Реал Мадрид” (Мадрид, Испания) 2:1 “Бенфика” (Лиссабон, Португалия)
0:1 Рафаэл Силва – 14' 1:1 Чуамени – 16' 2:1 Винисиус Жуниор – 80'
Дар дақиқаи 14-ум Рафаэл Силва ҳисобро кушода, ба тими шаҳри Лиссабон пешсафӣ овард. Аурелиен Чуамени бошад аллакай дар дақиқаи 16-ум голи ҷавобӣ зад. Голи Арда Гулер дар дақиқаи 32-юм аз сафи “Лос-бланкос” вобаста ба ҳолати офсайд ҳисобида шуд. Лекин дар дақиқаи 80-ум Винисиус Жуниор голи дуюми дастаи кишвари Испанияро дар ин бозӣ ба самар расонид ва пирӯзии тимашро бо ҳисоби 2-1 таъмин намуд.
Ҳамин тариқ, дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи Чемпионҳои УЕФА “Реал Мадрид” бо “Манчестер Сити” ё “Спортинг” рӯбарӯ хоҳад шуд.
Бозии финалии мусобиқаи имсола дар варзишгоҳи Пушкаш Аренаи шаҳри Будапешт санаи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.
