Дар бозии аввали даври плей-оффи Лигаи чемпионҳо дастаҳои “Бенфика” ва “Реал Мадрид” андари майдони рақобат шуданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Эштадиу Да Луж”-и шаҳри Лиссабон доир шуда, бо ҳисоби 1 бар 0 ба суди тими шаҳри Мадрид анҷом ёфт. Франсуа Летексйе аз Фаронса ба ҳайси довари асосии бозӣ фаъолият намуд.
Голи ягонаи вохӯриро дар дақиқаи 50-юм ҳамлагари бразилии тими “Реал Мадрид” - Винисиус Ҷуниор ба самар расонид. Паси головарро Килиан Мбаппе анҷом дод.
Дар дақиқаи 55-уми бозӣ довар ба сармураббии “Бенфика” - Жозе Моуриню корти сурх нишон дод ва ҳамакнун дар бозӣ ҷавобӣ мутахассиси португалӣ ба тимаш кӯмак расонида наметавонад.
Ёдовар мешавем, ки бозии ҷавобӣ миёни “Реал” ва “Бенфика” рӯзи 25 –уми феврал дар варзишгоҳи “Сантяго Бернабеу”-и шаҳри Мадрид баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки пас аз марҳилаи умумии мусобиқа дастаи шаҳри Лиссабон бо 9 имтиёз мақоми 24-умро ишғол кард, дар ҳоле ки бошгоҳи шаҳри Мадрид бо 15 имтиёз дар зинаи нӯҳум қарор гирифт.
