Дар доираи бозиҳои даври 35-уми Ла Лигаи Испания дастаҳои “Барселона” ва “Реал Мадрид” ба ҳам омаданд. Вохӯрии дастаҳо дар варзишгоҳи “Олимпико”-и шаҳри Барселона дар ҳузури 50 318 нафар мухлис доир шуда, бо ҳисоби 4 бар 3 ба суди тими мизбон хотима ёфт.
Ҳисобро Килиан Мбаппе дар дақиқаи 5-уми бозӣ аз зарбаи пеналтӣ боз намуд. Дар дақиқаи 14-уми бозӣ аз паси головари Винисиус Ҷуниор истифода намуда, Мбаппе голи дуюми “Реал Мадрид”-ро ба самар расонид.
Дар дақиқаи 19-уми бозӣ Эрик Гарсия аз паси головари Ферран Торрес истифода намуда, аввалин голи “Барселона”-ро ба ҳадаф расонид. Ламин Ямал бо зарбаи ҳадафраси худ дар дақиқаи 32-юм ҳисобро баробар намуд. Ферран Торрес паси головарро анҷом дод.
Рафиня дар дақиқаи 45-ум голи сеюми “Барселона”-ро ба самар расонид. Боз ҳам паси головарро Ферран Торрес анҷом дод. Мбаппе дар дақиқаи 70-ум хет-трик кард. Винисиус паси головарро ба Килиан таъмин намуд.
Бо ин ғалаба “Барселона” дар пойгаи қаҳрамонӣ аз “Реал Мадрид” пеш гузашт. Ҳоло шогирдони Флик бо 82 имтиёз дар зинаи аввал аст. “Реал Мадрид” бо 75 имтиёз дар зинаи дуюм мавқеъ гирифтааст.
Мавсими имсола дар чаҳор Эл-Класико дастаи “Барселона” муқобили “Реал Мадрид” зафар ёфт. 2 ғалаба дар Ла Лига ва 2 ғалабаи дигар дар финали Ҷоми Испания ва Суперҷоми Испания мебошад.
