LIVE

"Реал Мадрид" дар Лигаи Чемпионҳо аз "Бенфика" шикаст хӯрд

Бошгоҳи футболи "Реал Мадрид"-и Испания дар бозии даври ҳаштуми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳои УЕФА-2025/26 аз "Бенфика"-и Португалия бо ҳисоби 4-2 мағлуб шуд ва ҳарду дастаро ба марҳилаи плей-офф роҳхат гирифтанд.
Лигаи Чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври 8-м
Панҷшанбе, 29 январи соли 2026. 01:00 ДШБ
“Бенфика” (Лиссабон, Португалия) 4:2 “Реал Мадрид” (Мадрид, Испания)
0:1 Мбаппе – 30' 1:1 Шелдеруп – 36' 2:1 Павлидис – 45+5' 3:1 Шелдеруп – 54' 3:2 Мбаппе – 58' 4:2 Трубин – 90+8'
Корти сурх: Асенсио – 90+2', Родриго – 90+7'
Бошгоҳи шоҳона  дар ҷадвали марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар ҷои нӯҳум қарор гирифт, дар ҳоле ки "уқобон" ин марҳиларо бо ишғоли зинаи бисту чорум ҷамъбаст намуданд.   Аз ин рӯ, мувофиқи низомномаи мусобиқа  “Реал Мадрид” ва “Бенфика” метавонанд бори дигар дар даври плей-оффи иборат ду бозӣ бо ҳам рӯбарӯ шаванд.
Бар замми “Бенфика” абардастаи шаҳри Мадрид инчунин метавонад бо дастаи кишвари Норвегия “Буде/Глимт” рӯбарӯ шавад, дар ҳоле ки бошгоҳи шаҳри Лиссабон низ метавонад бо “Интер Милан” вохӯрад.
Қуръакашии плей-оффи Лигаи Чемпионҳо пагоҳ, рӯзи 30-юми январ соати 14:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад. Хотиррасон мекунем, ки бозиҳои марҳилаи плей-оффи мавсими ҷории Лигаи Чемпионҳо рӯзҳои 17-18 ва 24-25-уми феврали соли 2026 баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив