LIVE

“Арсенал” дар Ҷоми Англия соҳиби нишондоди рекордии қарни 21 гардид

Бошгоҳи лондонии “Арсенал” дар Ҷоми Англия тими “Уиган Атлетик”-ро бо ҳисоби 4-0 шикаст дод, дар ҳоле, ки чор голи рақобатро дар 30 дақиқаи аввали бозӣ ба самар расонид. Ин дидор шаби гузашта, 15-уми феврал  баргузор шуда буд.
Ҷоми Англия. Даври 32-юм. 
Якшанбе, 15 феврали соли 2026. 21:30 ДШБ
“Арсенал” (Лондон) 4:0 “Уиган Атлетик” (Уиган)
1:0 Мадуеке – 11' 2:0 Мартинелли – 19' 3:0 Хант – 23' 4:0 Жезус – 27'
Тибқи иттилои Opta Sports “лондониҳо” аввалин дастаи Премер-лигаи Англия сар аз мавсими 1992/93  шуданд, ки дар ним соати аввали бозӣ дар ин мусобиқа чор гол задаанд.
“Арсенал” айни замон дар ҷадвали Премер-лига пешсаф буда, зинаи дуюмро “Манчестер Сити” бо камбудии чор хола аз “тупчиён” ишғол мекунад. Дар бозии навбатии худ  “лондониҳо” рӯзи чоршанбеи ҳафтаи ҷорӣ дар сафар бо “Вулверхэмптон Уондерерс” бозӣ хоҳанд кард. Ин рақобат дар доираи  Премер-лига баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив