Ҳамлагари собиқи тими миллии Фаронса Карим Бензема аз бошгоҳи саудии "Ал-Иттиҳод" ба сафи "Ал-Ҳилол" пайваст. Хадамоти матбуоти бошгоҳи "Ал-Ҳилол" дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз имзокунии шартномаи корӣ бо ин ҳамлагари собиқи "Реал Мадрид" хабар дод.
Қаблан дар расонаҳо гуфта мешуд, ки ин футболбози фаронсавӣ шартномаи нави пешниҳодкардаи "Ал-Иттиҳод"-ро рад кардааст. Бензема аз тобистони соли 2023 дар Про-лигаи Арабистони Саудӣ бозӣ мекунад. Ин мавсим ӯ дар 21 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо 16 гол задааст. Гуфта мешавад, ки ҳамлагари "Ал-Наср" Криштиану Роналду ба гузариши Бензема аз "Ал-Иттиҳод" ба "Ал-Ҳилол" мухолифат кардааст. Фонди сармоягузории давлатии Арабистони Саудӣ соҳиби бошгоҳҳои "Ал-Наср", "Ал-Иттиҳод", "Ал-Ҳилол" ва "Ал-Аҳлӣ" мебошад.
