Рӯзноманигор Ягиз Сабунҷуоглу дар саҳифаи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, ки ҳамлагари бошгоҳи “Ал-Наср” Криштиану Роналду мухолифи гузариши Карим Бензема аз дастаи “Ал-Иттиҳод” ба “Ал-Ҳилол” аст.
Футболбози португалӣ иддао дорад, ки ин иқдом ба рақобатпазирии сирф одилона дар чемпионати дохилӣ зарар мерасонад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бошгоҳи “Ал-Ҳилол” нисбати ин ҳамлагари фаронсавӣ таваҷҷӯҳ дорад ва бошгоҳи кунунии ӯ аз барояш ҳадди аққал 25 миллион евро талаб мекунад.
Бензема ин мавсим дар ҳама мусобиқаҳо дар сафи “Ал-Иттиҳод” 21 бозӣ анҷом дода, ба задани 16 гол даст ёфтааст. Тибқи фарзияи сомонаи Transfermarkt арзиши интиқоли гузариши 6 миллион евро мебошад.
