Ҳамлагари бошгоҳи «Ал-Иттиҳод»-и Арабистони Саудӣ Карим Бензема шарҳ дод, ки чаро тасмим гирифта буд, ки соли 2023 «Реал Мадрид»-ро тарк кунад.
"Чаро ман “Реал Мадрид”-ро тарк кардам? Чунки ман бо ин бошгоҳ ҳама чизро ба даст овардам. Ман дар кӯдакӣ ба “Реал Мадрид” омадам ва ҳамчун марди соҳиби ҷоизаҳои зиёд ва "Тӯби тиллоӣ" рафтам. Ҳама орзуҳои ман амалӣ шуданд", - иқтибос меорад “Мадрид Zone” дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Бензема.
Карим Бенземаи 36-сола тобистони соли 2023 ба ҳайси агенти озод ба дастаи Арабистони Саудӣ гузариш анҷом дода буд. Мавсими ҷорӣ ӯ 25 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо гузаронида, муаллифи 18 гол ва 8 партофти головар шудааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳи саудӣ то тобистони соли 2026 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоте, ки дар сомонаи Transfermarkt пешниҳод шудааст, арзиши бозории Бензема 8 миллион евро мебошад.