LIVE

“Ал-Иттиҳод” ва “Ал-Ҳилол” барои гузариши Салоҳ 80-100 млн евро медиҳанд

Бошгоҳҳои саудии “Ал-Иттиҳод” ва “Ал-Ҳилол” дар ин зимистон аз зумраи пешсафон барои харидории ҳамлагари “Ливерпул” Муҳаммад Салоҳ мебошанд. Тибқи иттилои Caught Offside тимҳои Арабистони Саудӣ метавонанд ба “мерсисайдҳо” 80-100 миллион евро барои ин бозигари 33-сола пешниҳод кунанд.
Ба гуфтаи манбаъ дастаҳои МЛС низ ба харидории ин бозигари мисрӣ таваҷҷӯҳ доранд, аммо онҳо аз ҷиҳати молиявӣ бо дастаҳои Арабистони Саудӣ рақобат карданро душвор меҳисобанд.
Қаблан Салоҳ дар бораи бад шудани муносибатҳо бо сармураббии “Ливерпул” Арне Слот сухан гуфта буд ва таъкид карда буд, ки дар вазъияти кунунӣ худро мисли гуноҳкор ҳис мекунад.
Ин мавсим ҳамлагар  дар 19 бозии ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, панҷ гол задааст ва се партофти голӣ низ дорад. Шартномаи кунунии ӯ бо бошгоҳ то тобистони соли 2027 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории Салоҳ 45 миллион евроро ташкил медиҳад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив