Дастаи “Ливерпул” тобистони соли равон вингери 27-солаи “Аталанта” Адемола Лукманро харидорӣ мекунад. Дар ин бора рӯзноманигор Саша Таволиери хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, “мерсисайдҳо” футболбози нигериягиро ҷойгузини вингери 32-сола Муҳаммад Салоҳ медонанд. Атрофи Лукман аллакай бо “Ливерпул” робита барқарор кардаанд. Қайд карда мешавад, ки ба беҳтарин бозигари Африқо дар соли 2024 “Арсенал” ва дастаҳои Арабистони Саудӣ низ таваҷҷӯҳ доранд.
Қобили зикр аст, ки Муҳаммад Салоҳ бо “Ливерпул” то ҳанӯз оиди тамдиди шартнома сари мақсади ниҳоӣ наомадаанд.
Дар мавсими ҷорӣ Лукман дар тамоми мусобиқаҳо 29 бозӣ анҷом дода, ба задани 17 гол ва 7 партофти головар анҷом додааст. Шартномаи футболбоз бо тими шаҳри Бергамо то соли 2026 амал мекунад. Тибқи маълумоти портали Transfermarkt, арзиши бозории футболбоз 55 миллион евро аст.
