Бозии мавқуфгузоштаи даври 16-уми мавсими Серияи А-и Италия 2025/2026 байни дастаҳои “Наполи” ва “Парма” дар варзишгоҳи Диего Армандо Марадона дар Неапол, Италия бо ҳисоби мусовии (0-0) ба анҷом расид.
Италия - Серияи А. Даври 16-ум
14 январи соли 2026, чоршанбе. соати 22:30 ДШБ
“Наполи” (Неапол) 0:0 “Парма” (Парма)
Дар дақиқаи 11-ум нимҳимоятгари бошгоҳи “Наполи” Скотт Мактоминей гол зад, аммо гол аз ҷониби VAR бекор карда шуд.
“Наполи” дар 20 бозии мавсим 40-умин холро ба даст овард ва бо “Милан”, ки як бозии кам дорад, баробар шуд. “Интер” чун тими пешсафи мусобиқа як бозӣ камтар бозӣ кард, аммо аз рақибонаш се хол бештар дорад. “Парма” бо 22 хол дар зинаи 14-уми ҷадвал мебошад.
