LIVE

«Наполи» ба шарофати голи Хойлунд «Ҷеноа»ро мағлуб кард

Бозии тими «Наполи» ва «Ҷеноа» дар даври 6-уми Серияи А ба охир расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи Диего Армандо Марадонаи шаҳри Неапол бозӣ намуда, соҳибони майдон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карданд.
Италия - Серияи А. Бозии 6-ум
Якшанбе, 5 октябри соли 2025. 21:00 ДШБ
“Наполи” (Неапол) 2:1 “Ҷеноа” (Генуя)
0:1 Эхатор – 34' 1:1 Ангисса – 57' 2:1 Хойлунд – 75'
Ҳамлагари тими меҳмонон Ҷефф Эхатор дар дақиқаи 34-уми бозӣ голи аввалро ба самар расонд. Дар дақиқаи 57-ум нимҳимоятгари “Наполи” Франк Замбо-Ангисса ҳисобро баробар кард. Дар дақиқаи 75-ум бошад ҳамлагар Расмус Ҳоҷлунд қаҳрамони феълии Италияро ба пеш бароварда, пирӯзии тимашро таъмин намуд.
«Наполи» 15-умин холашро дар мавсим ба даст оварда, пешсафи ҷадвали чемпионати Италия мебошад. «Ҷеноа» бо ду хол дар зинаи 19-ум аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив