LIVE

«Наполи» фурсатҳои ахири бозӣ бо «Ҷеноа» ғалабаро аз даст дод

Бозии даври 36-уми Серияи А Италия, ки дар он дастаҳои “Наполи” ва “Ҷеноа” вохӯрданд,   дар варзишгоҳи Диего Армандо Марадона дар шаҳри Неаполи Италия бо ҳисоби 2:2 анҷом ёфт.
Италия - Серия А. Даври 36-ум
11 майи соли 2025, якшанбе. Соати 23:45
“Наполи” (Неапол) 2:2 “Ҷеноа” (Генуя)
1:0 Лукаку – 15'     1:1 Мерет – 32’     2:1 Распадори – 64’     2:2 Васкес – 84’
Дар дақиқаи 15-ум ҳамлагари «Наполи» Ромелу Лукаку ҳисобро боз кард. Дарвозабони неаполитаниҳо Алекс Мерет бошад дар дақиқаи 32-юм ба дарвозаи худ гол зад. Дар дақиқаи 64-ум ҳамлагари мизбонон Ҷакомо Распадори ба дарвозаи меҳмонон голи дуюмро зад. Билохира дар дақиқаи 84-ум ҳимоятгари «Ҷеноа» Жоан Васкес ҳисобро 2:2 кард.
Баъди ин бозӣ «Наполи» ҳоло 78 имтиёз дорад. Даста дар ҷадвали Серия А-и дар ҷои аввал буда аз “Интер” танҳо як хол бештар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив