Бозии байни дастаҳои “Наполи” ва “Верона” дар даври 19-уми Серияи А-и Италия 2025/26 дар варзишгоҳи Диего Армандо Марадона дар Неапол, Италия бо ҳисоби мусовии 2-2 ба анҷом расид.
Италия - Серияи А. Даври 19-ум
7 январи соли 2026, чоршанбе. 20:30 ДШБ
“Наполи” (Неапол) 2:2 “Верона” (Верона)
0:1 Фрезе – 16' 0:2 Орбан – 27' 1:2 Мактоминей – 54' 2:2 Ди Лоренсо – 82'
Дар дақиқаи 16-ум ҳимоятгари даниягии бошгоҳи “Верона” Мартин Фрезе ҳисобро кушод. Ҳамлагар Гифт Орбан дар дақиқаи 27-ум аз зарбаи пеналтӣ бартарии меҳмононро дучанд кард. Дар дақиқаи 54-ум бошад нимҳимоятгари “Наполи” Скотт Мактоминай тафовутро кам кард. Голи ҳамлагари “Наполи” Расмус Хойлунд дар дақиқаи 72-ум пас аз дахолати VAR бекор карда шуд. Дар дақиқаи 82-ум бошад ҳимоятгари мизбонон Ҷованни Ди Лоренсо ҳисобро баробар кард.
“Наполи” бо 38 имтиёз аз 18 бозӣ дар зинаи сеюми ҷадвали Серияи А қарор дорад. Онҳо як хол аз пешсафи ҷадвал “Интер”, ки як бозӣ камтар анҷом додааст, қафо мемонад. "Верона" бо 13 имтиёз дар ҷои 18-ум аст.
