Бозии аввали даври нимфиналии Ҷоми лигаи Англия байни дастаҳои “Нюкасл Юнайтед” ва “Манчестер Сити” дар варзишгоҳи Сент-Ҷеймс Парк (Нюкасл-апон-Тайн) бо ҳисоби 2-0 ба фоидаи "шаҳриён" ба анҷом расид.
Англия - Ҷоми Лига. Нимфиналҳо. Бозии 1-ум
Чоршанбе, 14 январи соли 2026. 01:00 ДШБ
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл-апон-Тайн) 0:2 “Манчестер Сити” (Манчестер)
0:1 Семенйо – 53' 0:2 Черки – 90+8'
Дар дақиқаи 53-юм голи ғалабаовари “Манчестер Сити”-ро Антуан Семенйо ба самар расонид, ки дуввумин бозии худро дар ин бошгоҳ пас аз пайвастан аз "Борнмут" анҷом дод. Дар дақиқаи 90+8-ум ҳамлагар Райан Черки бартарии меҳмононро дучанд намуд.
Бозии дуюми даври нимфиналии Ҷоми лигаи Англия байни дастаҳои “МанСити” ва “Нюкасл Юнайтед” рӯзи чоршанбе, 4-уми феврал дар варзишгоҳи “Иттиҳод” дар шаҳри Манчестер баргузор мешавад.
