LIVE

Ду голи Решфорд пирӯзии «Барселона»-ро зидди «Нюкасл» таъмин намуд

Бозии даври аввали марҳилаи умумии мавсими Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-2025/2026 миёни дастаҳои “Нюкасл Юнайтед” (Англия) ва “Барселона” (Испания) ба анҷом расид. Дастаҳо дар Сент Ҷеймс Парк (Нюкасл-апон-Тайн, Англия) бозӣ намуда, ҷониби «блаугранас» бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард.
Лигаи чемпионҳо. Марҳилаи умумӣ. Даври якум
19 сентябри соли 2025, ҷумъа. 00:00 ДШБ
“Нюкасл Юнайтед” (Нюкасл-апон Тайн, Англия) 1:2 “Барселона” (Барселона, Испания)
0:1 Рэшфорд – 58' 0:2 Рэшфорд – 67' 1:2 Гордон – 90'
Ҳамлагари “Барселона” Маркус Рэшфорд дар дақиқаи 58-ум  ҳисобро боз кард. Дар дақиқаи 68-ум бохзигари англис бо голи дуюми хеш бартарии каталониҳоро дучанд кард. Голия гонаи ҷавобии мизбононро бошад ҳамлагар Энтони Гордон танҳо дар дақиқаи 90-ум ба самар расонид.
Бозии ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои имсола дар варзишгоҳи “Пушкаш Арена”-и шаҳри Будапешт рӯзи 30-юми майи соли 2026 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив