Бошгоҳи “Реал Мадрид” оиди таъйин шудани Алваро Арбелоа ба ҳайси сармураббӣ эълон кард. Арбелоа қаблан мураббии “Реал Кастиля” - дастаи эҳтиётии бошгоҳ буд.
Ин таъйинот пас аз рафтани Хаби Алонсо аз бошгоҳ сурат гирифт. Хадамоти матбуоти бошгоҳи “Реал Мадрид” ин рафтани Алонсоро тасдиқ кард. Хаби Алонсо аз тобистони соли 2025 сармураббии даста буд.
Алваро Арбелоа бошад аз июни соли 2025 сармураббии “Кастиля” буд ва тамоми фаъолияти мураббигии худро аз соли 2020 дар академияи ҷавонони “Реал Мадрид” гузаронидааст. Дар мавсими 2020/2021 ӯ ба дастаи "Инфантил А", ки қаҳрамониро ба даст овард, "Кадете А" дар мавсими 2021/2022 аз соли 2022 то 2025 ва дастаи "Ювенил А" мураббӣ буд. Ҳамчун мураббии "Ювенил А" ӯ дар мавсими 2022/2023 се ҷоиза (чемпионат, Ҷоми Испания ва Лигаи Чемпионҳо) ба даст оварда, дар мавсими 2024/2025 ба унвони қаҳрамонӣ ноил гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 11-уми январ "Реал Мадрид" дар финали Суперҷоми Испания бо ҳисоби 3-2 аз "Барселона" шикаст хӯрд.
Финали Суперҷоми Испания
Душанбе, 12 январи соли 2026. 00:00 ДШБ
“Барселона” (Барселона) 3:2 “Реал Мадрид” (Мадрид)
1:0 Рафиня – 36' 1:1 Винисиус Жуниор – 45+2' 2:1 Левандовски – 45+4' 2:2 Гарсия – 45+6' 3:2 Рафиня – 73'
Корти сурх: Ф. де Йонг – 90+1'
Дар Ла-лигаи Испания “Реал Мадрид” пас аз 19 давр бо 45 имтиёз дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад. Онҳо аз пешсафи ҷадвали чемпионат “Барселона” чор имтиёз қафо мондаанд. Дар ҷадвали Лигаи Чемпионҳои УЕФА пас аз шаш давр “Реал Мадрид” бо 12 имтиёз дар ҷои ҳафтум мебошад.
