Бошгоҳи испании “Реал” расман оиди таъиншавии Хаби Алонсо б ҳайси сармураббигии даста дар сомонаи расмияш хабар дод. Шартномаи мутахассиси испанӣ то 30 июни соли 2028 баста шудааст ва аз рӯзи 1 июни соли 2025 эътибор пайдо мекунад.
Ҷои охирини кори Алонсо “Байер” буд, ки аз моҳи октябри соли 2022 дар ин тими олмонӣ кор мекард. Бо роҳбарии ӯ бошгоҳи шаҳри Леверкузен қаҳрамони Олмон шуд ва инчунин Ҷоми Олмон ва Суперҷоми Олмонро ба даст овард. Қабл аз кор дар “Байер” Хаби дар системаи ҷавонони "Реал" бомуваффақият кор мекард.
Алонсо дар тӯли фаъолияти футболиаш аз соли 2009 то соли 2014 дар ҳайати “Лос-Бланкос” бозӣ кардааст. Дар ин муддат дар 236 бозӣ дар тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, 6 гол ва 31 партофти головар ба номаш мӯҳр задааст.
