LIVE

Номи сармураббии ояндаи «Реал Мадрид» маълум шуд

Сармураббии дастаи “Реал Мадрид” Карло Анчелотти рӯзҳои наздик бо президенти Лос-Бланкос Флорентино Перес мулоқот карда, дар бораи рафтанаш аз бошгоҳ сӯҳбат мекунад. Дар ин бора ESPN хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, интизор меравад, ки Анчелотти ва Перес ба мувофиқа расиданд, ки итолиёвӣ пас аз бозии охирини Ла Лига миёни дастаҳои “Реал Мадрид” ва “Реал Сосйедад” дастаро тарк кунад.
Инчунин хабар дода мешавад, ки «Реал Мадрид» сар аз рӯзи 18-уми дар Ҷоми ҷаҳонии бошгоҳҳо ширкат меварзад. Иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ муовини директор оид ба футбол Сантяго Солари, сармураббии «Кастиля» Раул Гонсалес ё мураббии тими ҷавонон Алваро Арбелоа хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки аз рӯи натиҷаи 33 даври чемпионат бошгоҳи шаҳри Мадрид дар зинаи дуюми ҷадвали Ла Лига қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив