Роҳбарияти «Реал Мадрид» аз сармураббии даста Карло Анчелотти дар бораи бозигароне пурсид, ки сафи «қаймоқиҳо» бояд дар тобистон харидорӣ кунад. Дар ин бора Sport.es хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, мутахассиси итолиёвӣ мехоҳад мавқеҳои ҳимоятгар ва нимҳимоятгар дар даста пурқувват шаванд. Анчелотти дар ин росто номи чаҳор бозигарро номбар кард: Уилям Салиба («Арсенал»), Мануэл Аканҷи («Манчестер Сити»), Алексис МакАллистер («Ливерпул») ва Сандро Тонали («Нюкасл»).
Таъкид мешавад, ки тасмими ниҳоиро дар мавриди харидории бозигарони нав президенти “Реал Мадрид” Флорентино Перес, директори генералии бошгоҳ Хосе Анхел Санчес ва роҳбари скаутҳои бошгоҳ Жуни Калафат хоҳанд баровард.
