LIVE

Анчелотти “Реал Мадрид”-ро тарк мекунад

Карло Анчелотти вазифаи сармураббигии бошгоҳи “Реал Мадрид”-ро тарк карда, вазифаи сармураббигии тими миллии Бразилияро ба ӯҳда хоҳад гирифт, хабар медиҳад The Athletic.
Шартномаи мураббии итолиёвии 65-сола бо “мадридиҳо” то тобистони соли 2026 амал мекунад, аммо ӯ аллакай ба аъзоёни утоқи либоспӯшӣ  нияти тарки даста карданаш хабар додааст. Интизор меравад, ки мураббӣ дар моҳи июн, пеш аз оғози чемпионати ҷаҳонии бошгоҳҳо (CWC) ҷои корашро иваз кунад.
Музокироти минбаъдаи ҷонибҳо дар соату рӯзҳои наздик барои мувофиқа кардани ҷузъиёти қатъи ҳамкорӣ сурат хоҳад гирифт.
Роҳбарияти бошгоҳи шаҳри Мадрид бояд интихоб кунад, ки дастаро дар Ҷоми Ҷаҳон кӣ роҳбарӣ мекунад: мураббии муваққатӣ ё доимӣ. Фаворитҳо дар ин росто мутаносибан Сантяго Солари ва Хаби Алонсо мебошанд. Айни ҳол Алонсо «Байер»-ро тамрин медиҳад.
Мавсими ҷорӣ “Реал Мадрид” дар даври чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо дучори шикаст гаридди, дар финали Ҷоми Испания муқобили “Барселона” шикаст хӯрд. Дар чемпионати Испания бошад “лос-бланкос” бо ишғоли зинаи дуюм 4 хол аз “Барселона” камтар дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив