LIVE

Карло Анчелотти вазифаи сармураббигии "Реал"-ро тарк карданист

Сармураббии “Реал Мадрид” Карло Анчелотти метавонад баъди анҷоми мавсим дастаро тарк кунад.
Тавре рӯзноманигор Фабрисио Романо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, эҳтимоли рафтани мутахассиси итолиёвӣ воқеан хеле баланд аст. Қайд мешавад, ки шикасти эҳтимолии  “мадридиҳо”замони  бархӯрд бо «Арсенал»-и Лондон дар даври чорякниҳоии Лигаи Чемпионҳо метавонад Анчелоттиро сабаби маҳрумшавӣ аз ҷои кор бигардад.
Карло Анчелотти аз соли 2021 сарварии тими “Реал”-ро ба ӯҳда дорад. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи Мадрид то соли 2026 баста шудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар бозии аввали даври 1/4 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳо шогирдони Анчелотти аз тими “Арсенал” бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда буданд. Бозии ҷавобӣ рӯзи 16-уми апрел баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив