LIVE

«Реал» ба Карло Анчелотти шартномаи нави ҳамкорӣ пешниҳод кардааст

Сармураббии «Реал» Карло Анчелотти метавонад корро дар тими мадридӣ идома диҳад.
Чӣ тавре журналист Рамон Алварес дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар медиҳад, роҳбарияти «Реал» ба муттахассиси итолиявӣ шартномаи нав пешниҳод кардааст. Ҷонибҳо оиди тамдидкунии шартнома гуфтушунидҳо доранд.
Пештар хабар дода мешуд, ки бо анҷоми мавсим Анчелотти метавонад сармураббии мунтахаби миллии Бразилия шавад.
Ёдрас мекунем, ки Карло Анчелотти аз соли 2021 инҷониб сармураббии «Реал» буда, пеш аз ин «Эвертон»-и англисиро тамрин медод.
Айни ҳол тими мадридӣ садрнишини ҷадвали Ла Лига буда, баъди даҳ бозӣ 25 хол дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив