Мураббии испанӣ Хаби Алонсо ихтиёран қарор кард, ки аз мақоми сармураббии “Реал Мадрид” равад. Дар ин бора рӯзноманигор Пепе Алварес дар шабакаҳои иҷтимоии X хабар дод. Хадамоти матбуотии бошгоҳ оиди ин рафтанаш эълон кард. Рӯзи якшанбе, 11-уми январ Лос Бланкос дар финали Суперҷоми Испания аз Барселона бо ҳисоби 3-2 мағлуб шуда буд.
Суперҷоми Испания. Финал
Якшанбе, 11 январи соли 2026. 00:00 ДШБ
“Барселона” (Барселона) 3:2 “Реал Мадрид” (Мадрид)
1:0 Рафиня – 36' 1:1 Винисиус Жуниор – 45+2' 2:1 Левандовски – 45+4' 2:2 Гарсия – 45+6' 3:2 Рафиня – 73'
Корти сурх: Ф. де Йонг – 90+1'
Ба гуфтаи манбаъ Алонсо тасмим гирифт, ки аз даста равад, зеро аз худхоҳӣ ва беэҳтиромии доимӣ дар утоқи либоспӯшӣ, ки ин ҳафта шиддат гирифт, хаста шуда буд. Сабаби дуюми зикршуда набудани дастгирӣ аз ҷониби бошгоҳ дар моҳҳои охир буд.
Алонсо аз тобистони соли 2025 сармураббии “Реал Мадрид” буд. Дар хабари расмии матбуотии бошгоҳ гуфта шудааст, ки ҷудошавӣ бо ризоияти тарафайн сурат гирифтааст. Бозигари дигари собиқи “Реал Мадрид” Алваро Арбелоа - сармураббии нав таъин шуд.
