Бозии даври чорякфиналии Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 байни тимҳои миллии Камерун ва Марокаш дар варзишгоҳи Шоҳзода Мулло Абдуллоҳ дар шаҳри Работи Марокаш бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2-0 анҷом ёфт.
Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025. Чоракфинал.
10 январи соли 2026, шанбе. соати 00:00 ДШБ
Камерун 0:2 Марокаш
0:1 Диас – 26' 0:2 Сайбари – 74'
Нимҳимоятгари бошгоҳи Реал Мадрид ва мунтахаби Марокаш Браим Диас голи аввали бозиро дар дақиқаи 26-ум ба самар расонид. Дар дақиқаи 74-ум бошад нимҳимоятгар Исмоил Сайбари бартарии Марокашро дучанд намуд.
Ҳамин тариқ мунтахаби Африқо ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфта, бо ғолиби ҷуфти Алҷазоир-Нигерия рӯбарӯ хоҳад шуд.
Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 дар кишвари Марокаш баргузор мешавад. Дар мусобиқа 24 дастаи миллӣ, ки ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудаанд, ширкат варзиданд. Мусобиқа то 18 январ идома меёбад. Қаҳрамони феълии Ҷоми Миллатҳои Африқо мунтахаби Кот-д'Ивуар аст, ки дар финали мусобиқаи соли 2023 Нигерияро бо ҳисоби 2-1 мағлуб карда буд.
