Бозии ифтитоҳии Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 рӯзи якшанбе, 21-уми декабр баргузор шуд.
Натиҷаи бозии Ҷоми Миллатҳои Африқо дар рӯзи 21-уми декабр:
Марокаш - Комор - 2-0.
Мали ва Замбия низ дар гурӯҳи А бо Марокаш ва Комор қарор доранд. Ин кишварҳо рӯзи имрӯз, 22-юми декабр, аввалин бозии худро дар Ҷоми Миллатҳои Африқо анҷом медиҳанд.
Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 дар Марокаш кишвари ҷараён дорад. Дар мусобиқа 24 дастаи миллӣ, ки ба шаш гурӯҳ тақсим шудаанд, иштирок мекунанд. Мусобиқа то 18 январ идома ёфта, ғолиби феълии он тими миллии Кот-д'Ивуар аст.
