Муҳаммад Салоҳ - бозигари “Ливерпул”, ба ҳайати дастаи миллии Миср барои иштирок дар Ҷоми миллатҳои Африқо даъват шудааст. Мусобиқаи қитъавӣ бояд аз 21-уми декабр то 18-уми январ баргузор шавад. Тибқи иттилои нашрияи Liverpool Echo иштироки бозигари мисрӣ дар дастаи миллӣ маънои онро дорад, ки “Ливерпул” дар қисми зиёди бозиҳои тақвими мавсимӣ ба мушкилии набуди яке аз бозигарони калидии худ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Номи Муҳаммад Салоҳ дар ҳайати пешакии дастаи миллии Миср ҷой дорад. Тибқи қоидаҳои ФИФА бошгоҳҳо метавонанд бозигарони худро ду ҳафта пеш аз оғози мусобиқа ба тамринҳои байналмилалӣ ҷавоб диҳанд. Аз ин рӯ бозигар метавонад эҳтимолан санаи 7-уми декабр сафи “Ливерпул”-ро тарк кунад.
Тими миллии Миср нақша дорад, ки ҷамъомадҳои тамринӣ, аз ҷумла бозии дӯстона бо Нигерияро рӯзи 14-уми декабр баргузор кунад. Сипас, даста санаи 17-уми декабр барои омодагии ниҳоӣ ба мусобиқа ба Марокаш сафар хоҳад кард. Аммо “Ливерпул” умедвор аст, ки бозигари 33-соларо то бозии худ бо “Брайтон”, ки рӯзи 13-уми декабр баргузор мешавад, нигоҳ дорад.
Бо назардошти вақти эҳтимолии рафтани ӯ ва муддати иштироки тими миллии Миср дар Ҷоми миллатҳои Африқо Муҳаммад Салоҳ бешубҳа дар чанд бозиҳои бошгоҳӣ ширкат карда наметавонад. Инҳо бозиҳо бо “Тоттенҳэм” (20 декабр), “Вулверҳэмптон” (27 декабр) ва “Лидс” (1 январ) мебошанд. Идомаи набуди ҳамлагар аз он вобаста аст, ки Миср дар чемпионати қитъавӣ чӣ қадар хуб бозӣ мекунад ва чӣ қадар вақт дар мусобиқа боқӣ мемонад.
