Шаби 27-ум ба 28-уми январ дар шаҳри Работи кишвари Марокаш маросими қуръакашии Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 баргузор шуд.
Натиҷаи қуръакашӣ:
Гурӯҳи А: Марокаш, Мали, Замбия, ҷазираҳои Комор;
Гурӯҳи В: Миср, Африқои Ҷанубӣ, Ангола, Зимбабве;
Гурӯҳи С: Нигерия, Тунис, Уганда, Танзания;
Гурӯҳи D: Сенегал, ҶД Конго, Бенин, Ботсвана;
Гурӯҳи E: Алҷазоир, Буркина-Фасо, Гвинеяи Экваториалӣ, Судон;
Гурӯҳи F: Соҳили Оҷ, Габон, Камерун, Мозамбик.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқа дар кишвари Марокаш аз 21 декабри соли 2025 то 18-уми январи соли 2026 баргузор мешавад. Қаҳрамони феълии мусобиқа кишвари мизбони Ҷоми Миллатҳои Африқо 2024 - Кот-д'Ивуар мебошад. Мунтахаби Нигерия ҷойи дувум гирифт ва Африқои Ҷанубӣ дар зинаи сеюм қарор гирифт буд.