Рӯзи якшанбе, 4-уми январ, ду бозии даври 1/8-ниҳоии Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 баргузор шуданд.
Натиҷаи бозиҳои Ҷоми Миллатҳои Африқо дар рӯзи 4-уми январ:
Марокаш - Танзания — 1:0;
Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ - Камерун — 1:2.
Ҷуфти дуюми марҳилаи чорякфиналии мусобиқа муайян шуд: Марокаш бо Камерун рӯбарӯ мешавад. Қаблан, ҷуфти аввали даври чорякфиналиро тимҳои миллии Мали ва Сенегал ташкил дод.
Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 дар кишвари Марокаш баргузор гардида, 24 тими миллиро дар бар мегирифт, ки ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шуда буданд. Мусобиқа то 18 январ идома хоҳад ёфт. Қаҳрамони феълии Ҷоми Миллатҳои Африқо Кот-д'Ивуар аст, ки дар финали соли 2023 мунтахаби Нигерияро бо ҳисоби 2-1 шикаст дод.
