Рӯзи душанбе, 29-уми декабр чор бозии Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 баргузор шуданд.
Натиҷаи бозиҳои Ҷоми Миллатҳои Африқо то рӯзи 29-уми декабр:
Зимбабве - Африқои Ҷанубӣ — 2-3;
Ангола - Миср — 0-0;
Замбия - Марокаш — 0-3;
Комор - Мали — 0-0.
Ҷоми Миллатҳои Африқо-2025 дар Марокаш баргузор мешавад. Мусобиқа 24 дастаи миллиро ба ҳам меорад, ки ба шаш гурӯҳи чордастаӣ тақсим шудаанд. Мусобиқа то рӯзи 18-уми январ идома меёбад. Қаҳрамони феълии Ҷоми Африқо Кот-д'Ивуар аст.
