LIVE

“Ливерпул” нисбати Бастони аз “Интер” таваҷҷӯҳ кардааст

Тибқи иттилои нашрияи Football Insider бошгоҳи “Ливерпул” Алессандро Бастониро дар пасманзари ояндаи номуайяни Иброҳим Конате дар бошгоҳ ва ҳолати бади ҷисмонии Вирҷил ван Дейк таҳти таваҷҷӯҳ қарор додааст.
Ба гуфтаи манбаъ гузариши эҳтимолии ин бозигари 26-сола метавонад ба “мерсисайдҳо” ҳадди аққал 80 миллион фунт стерлинг (91,2 миллион евро) арзиш дошта бошад. “Барселона” низ ба Бастонӣ таваҷҷӯҳ дорад.
Ин мавсим ҳимоягари “Интер Милан” дар 20 бозӣ дар ҳама мусобиқаҳо ширкат карда, як гол  ва панҷ паси голӣ дар номаш дорад. Шартномаи кунунии бозигар бо бошгоҳи итолиявӣ то тобистони соли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt  арзиши бозории Бастони 80 миллион евро мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив