Бошгоҳи олмонии “Бавария”-и Мюнхен ба нимҳимоятгари 21-солаи бошгоҳи “Брайтон” Карлос Балеба таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад. Тибқи иттилои нашрияи TZ ин бозигар метавонад Леон Горетскаи 30-соларо, ки шартномааш тобистони соли 2026 ба охир мерасад, иваз кунад.
Ба гуфтаи як манбаъ бошгоҳи англисӣ метавонад баррасии пешниҳод баҳри харидории бозигари мунтахаби Камерунро аз 85 миллион евро оғоз кунад. Таъкид мешавад, ки эҳтимолан абардастаи кишвари Олмон ба пардохти ин маблағ розӣ нашавад.
Ин мавсим Балеба дар 17 бозии ҳамаи мусобиқаҳо ширкат карда, ягон гол назадааст. Шартномаи ӯ бо бошгоҳи англисӣ то тобистони соли 2028 мӯҳлат дорад. Тибқи маълумоти сомонаи Трансфермаркт арзиши бозории футболбоз 60 миллион евро мебошад.
