"Челси" метавонад ба ҳамлагари 30-сола Раҳим Стерлинг ба сифати ҷуброн барои пеш аз мӯҳлат қатъ кардани шартномааш, ки то тобистони соли 2027 амал мекунад, 10 миллион фунт стерлинг (11,5 миллион евро) пешниҳод кунад. Бозигари англис тибқи шартномаи кориаш бо “кабудҳо” дар як ҳафта тақрибан 300 000 фунт (345 000 евро) маош мегирад. Дар ин бора Football Insider хабар медиҳад.
Ба гуфтаи манбаъ, қатъ кардани шартномаи Стерлинг имкони бештареро барои дарёфти тими нав фароҳам меорад. Аз ҷумла, вингер метавонад ба яке аз дастаҳои чемпионати Англия ҳамроҳ шавад, зеро тимҳо ҳуқуқ доранд, ки агентҳои озодро дар дилхоҳ ҳолати шомили ҳайат намоянд.
Қаблан расонаҳо хабар дода буданд, ки ҳамлагар то равзанаи трансферии моҳи январ дар алоҳидагӣ аз дастаи асосии «Челси» тамрин хоҳад кард.
Мавсими гузашта Стерлинг дар ҳайати “Арсенал” тариқи иҷора бозӣ кард ва дар 28 бозӣ як гол ва 5 ассист ба номаш навишта кард. Тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши ин бозигар 10 миллион евроро ташкил медиҳад.
