«Нюкасл Юнайтед» барои харидории ҳуҷумкунандаи 28-солаи бошгоҳи «Брентфорд» Йоан Висса пешниҳоди нав ирсол кард. Дар ин бора рӯзноманигор Бен Ҷейкобс дар шабакаи иҷтимоии X хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ “зоғон” барои интиқоли ин бозигар 35 миллион фунт стерлинг (40,6 миллион евро) ва 5 миллион фунт стерлинг (5,8 миллион евро) мукофотпулӣ пешниҳод кардаанд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки худи футболбоз аз бошгоҳи худ хоҳиш кардааст, ки ин пешниҳодро бипазирад.
Мавсими гузашта ҳамлагар дар 39 бозии тамоми мусобиқаҳо ширкат карда, ба задани 20 гол ва ирсоли 5 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи кории футболбоз бо бошгоҳ то тобистони соли 2026 мӯҳлат дошта, тибқи маълумоти сомонаи Transfermarkt арзиши бозории бозигар 32 миллион евро аст.
