LIVE

Кейн бо рекорди наваш аз дастоварди Роббен пеш гузашт

Ҳамлагари бошгоҳи "Бавария"-и Мюнхен Ҳарри Кейн дар даври 15-уми Бундеслига ба дарвозаи "Ҳайденхайм" (4-0) гол зад ва рекорди наверо дар лигаи футболи Олмонро гузошт. Дар ин бора сомонаи расмии бошгоҳи шаҳри Мюнхен хабар дод.
Олмон - Бундеслига. Даври 15-ум
21 декабри соли 2025, якшанбе. 21:30 ДШБ
“Ҳайденхайм” (Ҳайденхайми лаби Бренс) 0:4 “Бавария” (Мюнхен)
0:1 Станишич – 15' 0:2 Олисе  – 32' 0:3 Диас – 86' 0:4 Кейн – 90+2'
Бозигари бритониёӣ ҳоло дар ҳисоби хеш 100 (81+19) гол ва паси голӣ дар Бундеслига дорад. Ӯ ин натиҷаро дар масири 78 бозӣ ба даст овард, ки ин ҳам беҳтарин натиҷа аз замони оғози ҷамъоварии омор дар мавсими 2004/2005 аст. Рекорди қаблӣ ба Арйен Роббен тааллуқ дошт, ки онро дар 119 бозӣ ба даст овард.
Кейн тобистони соли 2023 аз сафи “Тоттенҳэм Хотспур” ба “Бавария Мюнхен” пайваст. Ин мавсим ӯ дар дастаи шаҳри Мюнхен 15 бозии Бундеслигаро анҷом дод ва 19 гол зад ва се голи ассистӣ анҷом дод. Кейн шаш бозии Лигаи Чемпионҳоро анҷом дод ва панҷ гол зад. Ӯ инчунин панҷ гол дар Ҷоми Олмон ва як гол дар Суперҷоми Олмон зад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив