Ҳамлагари 31-солаи англиси «Бавария»-и Мюнхен Ҳарри Кейн пас аз пирӯзии тимаш дар мавсими имсолаи Бундеслига дар мавриди ҷоизаи аввалини маснади корияш изҳори назар кард. Дастаи шаҳри Мюнхен дар натиҷаи мусовии «Байер» вақти вохўрӣ бо «Фрайбург» (2:2), ки «Бавария»-ро барои ҷониби Леверкузен дастнорас кард, дар таърих унвони 34-умини қаҳрамонии хешро ба даст овард.
Олмон - Бундеслига. Даври 32-юм
04 майи соли 2025, якшанбе. Соати 20-30
“Фрайбург” (Фрайбург) 2:2 “Байер” (Леверкузен)
1:0 Эггештейн – 44' 2:0 Инкапие – 48' 2:1 Виртс – 82' 2:2 Та – 90+3'
Кейн дар шабакаҳои иҷтимоӣ оиди аввалин ҷоизааш танҳо бо як ишорае чун нашри акси ҷом аксуламал нишон дод.
Ёдовар мешавем, ки "Бавария" метавонист тамоми масъалаҳои чемпионшавиро дирӯз, 3-юми май вақти бозии сафарӣ бо "РБ Лейпсиг" (3:3) ҳал кунад, аммо онҳо дар дақиқаи 90+5 гол зада буданд. Қобили зикр аст, ки пеш аз ин гол Кейн, ки дар рақобат иштирок накарда буд, барои таҷлили қаҳрамонӣ ба майдон баромад.
Ҳарри Кейн мавсими ҷорӣ дар чемпионати Олмон 29 бозӣ анҷом дода, ба задани 24 гол ва ирсоли 8 партофти головар муваффақ шудааст. Айни замон ӯ беҳтарин нишонзани Бундеслига дар мавсими имсола мебошад.