“Бавария”-и Мюнхен бори 18-умин дар асри 21 қаҳрамони Олмон шуд. Ин назар ба тамоми дастаҳо дар асри 20 зиёд аст.
“Бавария” 34 маротиба қаҳрамони Олмон шуд. Ин дар натиҷаи нокомии «Байер», ки дар даври 32-юм бо «Фрайбург» дуранг кард (2:2) имконпазир гардид. Бошгоҳи шаҳри Мюнхен ду давр пеш аз анҷоми мавсим қаҳрамони Олмон шуд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки рақиби наздиктарини «Бавария» аз рӯи шумораи қаҳрамониҳо тими “Нюрнберг” аз 25 унвон қафо мондааст. Ин тим дар Бундеслига ҳамагӣ 9 ғалаба дорад.
Дар ду даври боқимондаи чемпионати Олмон "Бавария" бо "Боруссия М" ва "Хоффенхайм" вомехӯрад.